Activities calendar

26 марти 2025

Таҳлили омори рӯйдодҳо ва шумори куштаҳои офоти табиӣ дар ҷаҳон

Дар таърихи башар бар асари офатҳои табиӣ одамони зиёде ба ҳалокат расиданд ва имрӯз мутаассифона, ҳеч омори дақиқи маргумир дар ин ҳаводис вуҷуд надорад. Донишмандон ба омӯзиши омилҳои офоти табиӣ ва шумори қурбониёни он хеле дер оғоз карданд. Аммо бовуҷуди ин илм ба суоли боло то ҷойе посух дорад. Маркази таҳқиқоти эпидемологии офатҳо (Centre for Research on the Epidemiology of Disasters, CRED) – як воҳиди таҳқиқотиест, ки дар донишгоҳи Лувенски (UCLouvain) Брюсел амал мекунад. Ин Марказ таърихи ҳамагӣ сисолаи таҳқиқотӣ дорад ва офоти табиӣ, низоъ дар ҷомеа, пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад.

 CRED ҳамасола омори куштаҳои табиат (Natural Disasters Around the World)-ро расонаӣ мекунад. Тибқи омори ин бунгоҳи пажӯҳишӣ миёни солҳои 2010-2019 бар асари балоҳои табиӣ дар саросари олам ҳар сол наздик ба 600 000 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин ҳамагӣ 0,1% маргумири солона дар олам аст. Гузашта аз ин ҳамасола бар асари офоти табиӣ бештар сокинони ИМА, Чин ва Ҳинд, ки мамолики пурҷамъияти ҷаҳон маҳсуб мешаванд, одамон ба ҳалокат мерасанд. 

Дар гузаштаи начандон дур хушксолӣ ва обхезӣ аз ҷумлаи маргбортарин офатҳои табиӣ дониста мешуд. Аммо башар батадриҷ роҳҳои мубориза бо хушксолиро пайдо кард. Дар айни замон заминларза марговартарин падида дар миёни ҳамаи офатҳои табиӣ ба шумор меравад. Чунончи, аз соли 2010 то 2019 267 480 нафар дар заминларзаҳои олам ҷон бохтаанд. Бар асари дамои гарм 74 244 нафар, дар обхезиҳо 50 673 ҳалок шудаанд. Тундбоду тӯфонҳо 27 632 нафарро куштанд. Бар асари хушксолӣ 20 120, дар селҳо 10 109 ва дар вулқонҳо 1 363 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар умум тӯли солҳои ёдшуда дар олам бар асари офоти табиӣ 452 ҳазору 602 нафар ба ҳалокат расидаанд. 

Мулоқот ба Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин

25 марти соли 2025 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Тзи Шумин баргузор гардид.

Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо

(Дар ҳошияи эълон гардидани “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо”, ки санаи 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад) Яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри XXI бо он рӯ ба рӯ гардидааст, тағйирёбии иқлими Сайёра ва обшавии захираи пиряхҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин тағйирёбии иқлим, ки бо баланд шудани ҳарорат ба гузариши раванди биёбоншавӣ, камшавии захираҳои об, обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Сайёра (аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), зиёдшавии миқдори ҳолатҳои фавқулода оварда расонидааст. Дар навбати худ ин ҳодисаҳо ба коҳишёбии захираҳои табиӣ ва сабаби мушкилоти зиёде дар фаъолияти меҳнатӣ ва иҷтимоии инсон шуда истодааст. Норасоии об, маҳсулоти ғизоӣ, фақр, муҳоҷирати экологӣ, мисоли ин ҳодисаҳо мебошанд.