Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз селҳои эҳтимолии рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари ҳавои номусоид, аз ҷумла боридани боронҳои пуршиддат дар як қатор навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ноҳияи Дарвоз) омадани селҳо вуҷуд дорад. Ин манбаъ ҳамчунин хабар додааст, ки хатари лағзиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд бартараф нашудааст.  Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо, сафарҳои сайёҳӣ ба кӯҳу пуштаҳои худдорӣ кунанд. Кумита аз ронандагон хоҳиш мекнад ҳангоми ҳаркат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ, бахусус ағбаҳо эҳтиёт кунанд, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. Суръати ҳаракатро боло набаранд. Аз сокинон хоҳиш мешавад дар ин рӯзҳо муваққатан аз рафтани ба даманакӯҳҳои ҷиҳати ҷамъоварии гиёҳони дорувор, шикор, чорвочаронӣ ва ҳузур дар соҳили обҳо барои моҳидорӣ худдорӣ кунанд.  
барчасп: