Activities calendar

24 апрели 2025

“Рӯзи дарҳои боз” дар Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд

Дар асоси Нақшаи асосии кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодава мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои боз баргузор намуд.

Дар рафти вохӯрӣ донишҷӯён дар бораи тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва баъдидипломӣ, инчунин оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз таҳдидҳои табиӣ ва техногенӣ маълумот дарёфт карданд.

Кумакҳои ғизоӣ ва ғайриғизоӣ ба зарардидагони зилзила дар Рашту Тоҷикобод

Бо мақсади расонидани кумак ба осебдидагони зилзила ва дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали офати табиӣ мунтазам кумак дар шакли маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ расонида мешавад.

 Чунончӣ,  барои 156 оила ноҳияи Тоҷикобод ва 260 оила дар ноҳияи Рашт, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ИМА дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Заминларзаи нимишабӣ. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

 Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз заминларзаи нав дар қаламрави кишвар хабар дод, ки рӯзи 24-уми апрели соли равон соати 02:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод.

 

Рафъи паёмадҳои заминларза дар Рашт

Ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ рӯзи 23 апрели соли 2024 дар  ҷамоатҳои деҳоти Ҳичборак, Аскалон ва Қалъаи Сурх чунин корҳо ба роҳ монда шуд.

Аз ҷониби Комиссияи муштарак дар ҳайати муовини раиси Ҳукумати ноҳия, мутахасисони Кумитаи аз хонаҳои истиқоматии 

КҲФ: Озмун эълон мекунад!

Муҳтарам хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои интихоби довталабон барои дохилшавӣ ба Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия озмун эълон мекунад.