Activities calendar

26 апрели 2025

«Рўзи мудофиаи граждании намунавӣ» дар ноҳияи Шоҳмансур

25 апрели соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансур «Рўзи мудофиаи граждании намунавӣ» дар мавзўъи: «Амали хонандагони муассисаи таҳсилот ҳангоми ба амал омадани заминларза», ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур муовинони Раиси ноҳияи Шоҳмансур, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия, директорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия, қувва ва воситаҳои Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат, зернизомҳои тиббӣ, барқ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва инчунин хонандагону омўзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансур иштироқ намуданд.

Айнӣ: Резиши санг роҳ ба самти Панҷакентро баст

25-уми апрели соли 2025 соати 22:00 дақиқаи шаб дар километри 38-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷикент, ки аз қаламрави деҳаи Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегузарад, резиши сангу рег ба қайд гирифта шуд.

Бар асари ин ҳодиса роҳ барои ҳаракати мошинҳо ба ду самт номумкин шуд. 

Тибқи охирин хабаре, ки дастрас шуд, дар айни замон роҳ қисман боз шудааст, вале мушкил комилан рафъ нашудааст.