Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо сарбозони қисми ҳарбии 45085-и КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд.