3-уми июни соли 2025, соати 01:44 дақиқа 2-нафар шаҳрванд ҳангоми нӯшидани об аз беэҳтиётӣ дар канали «Дереватсионии ноҳияи Варзоб», воқеъ дар шафати «Кӯли Душанбе»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғарқ шудаанд.
6-нафар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соати 01:46 дақиқа барои корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зериобӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд
Соати 02:50 дақиқа ҷасади яке аз онҳо пайдо шуд. Ҷасади ғарқшудаи дуюмро соати 06:05 дақиқа аз дохили канали мазкур берун оварда, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ғарқшудагон яке сокини кӯчаи Навоӣ ва дуюмӣ бошандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, 50-53-сола буданд.