Ҳамдиёрони азиз!
Фардо иди сайиди Қурбон фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу осоиш, иқболи баланд ва файзу баракат орзу менамоям.
Фарҳанги иди Қурбон таҷассумгари имону садоқат ба Худованд буда, маънӣ ва фалсафаи он ба қадри якдигар расидан, ба ҳамдигар муҳаббату дӯстӣ варзидан, аз ихтилофу парокандагӣ худдорӣ кардан, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ва махсусан падару модарон, шукронаи умр ва неъматҳои зиндагӣ, аз ҷумла оромиву субот мебошад.
Иди Қурбон, инчунин, айёми шод кардани қалби ятимону маъюбон ва камбизоатҳову эҳтиёҷмандон аст.
Яъне онҳое, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд, бояд пеш аз ҳама, аз ҳоли наздикони худ ва шахсони ниёзманд, инчунин, беморону азодорон бохабар шаванд.
Дар ҳадисҳои Паёмбари ислом омадааст, ки рӯзи ид айёми хурсандӣ, аз дилҳо дур кардани кинаву адоват ва хусусан, кумак кардан ба оилаҳои камбизоату ниёзманд ва ятимону маъюбон мебошад.
Расули Худо дар ин маврид фармудаанд: «Беҳтарини мардумон касонеанд, ки ба мардум бештар манфиат расонанд.
Бадтарини мардумон касонеанд, ки ба мардумон шарру зарар мерасонанд».
Боиси қаноатмандист, ки бисёр амалҳои хайр ва инсондӯстона, аз ҷумла гирифтани дасти ниёзмандон ва расонидани кумаки моддӣ ба онҳо, хусусан, солҳои охир ба анъанаи беҳтарини мардуми мо табдил ёфтаанд.
Бо истифода аз фурсат, зарур мешуморам, ки як масъаларо таъкид намоям.
Қурбонӣ кардан, ки яке аз суннатҳои иди Қурбон мебошад, барои ҳама ва хусусан, ба шахсони эҳтиёҷманд воҷиб нест.
Ин амалро танҳо шахсоне метавонанд анҷом диҳанд, ки дар таъмини аҳли оилаашон мушкилоте вуҷуд надорад.
Яъне шахсоне, ки имконияти молиявӣ надоранд, набояд ба хотири савоб аз дигарон қарз гирифта, қурбонӣ кунанд.
Зеро шариати ислом муқобили ҳама гуна сарфу хароҷоти беҳуда ва исрофкорӣ аст.
Дигар ин ки Парвардигор низ бандаашро ба хотири сахтӣ кашидан наофаридааст.
Қаблан низ гуфтаам ва бори дигар хотиррасон менамоям, ки иди Қурбон тӯй нест ва барои таҷлили он дастурхони серхарҷ оростан умуман зарурат надорад.
Иди Қурбон – гузоридани намози ид, табрики якдигар, зиёрати падару модарон ва калонсолону беморон, изҳори таъзия ба азодорон ва анҷом додани қурбонӣ танҳо барои шахсоне мебошад, ки имконияти мусоиди молӣ доранд.
Такроран таъкид месозам, ки оростани дастурхони пурдабдаба ва меҳмондории зоҳирпарастонаву намоишкоронаро дини мубини ислом, шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ маҳкум мекунад.
Доир ба ин масъала дар яке аз ҳадисҳои Расули акрам омадааст, ки «осон бигиред ва душвор нагардонед, хабари хуш диҳеду нафрат наоваред».
Агар ҳар яки мо аз исрофкориву намоишкорӣ худдорӣ карда, як амали хайрро анҷом диҳем, масалан, зиндагии ятимеро ё хонаи оилаи бесаробонеро обод кунем, кӯчаеро, ки дар он сукунат дорем, таъмир кунем, дар таъмири пуле ё бемористону кӯдакистону мактабе саҳм гузорем, соҳиби савоби зиёд мегардем.
Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оила ва фарзандон низ амали хайр ва савоб мебошад.
Ё ба ҷойи ҳаҷҷу умраи такрорӣ анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад.
Ин нукта дар осори динӣ ва адабии гузаштагони бузургамон садҳо ва ҳазорон бор таъкид шудааст.
Ҷойи хушҳолист, ки дар ҷомеаи мо, миёни мардуми мусулмони мо шахсони хайрхоҳу савобҷӯй кам нестанд, ки маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро ба корҳои ободонӣ – бунёди роҳу пул, бунгоҳи тиббӣ, мактабу кӯдакистон ва дигар иншооти муҳимми иҷтимоӣ сарф карда, ба хизмати халқ ва фарзандони мардум мегузоранд ва албатта, соҳиби савоби зиёд мегарданд.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо моҳият ва асли фармудаҳои инсонпарваронаи дини исломро дуруст дарк намоем, ба зиёдаравию намоишкорӣ ва баргузории маросиму маъракаҳои нолозим роҳ надиҳем ва талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро ҳатман риоя кунем.
Мо дар дунёи ноорому пурҳаводиси имрӯза бояд ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.
Худованд дар Қуръони карим дар ин маврид мефармояд: «Агар шукр намудед, ҳароина бароятон афзун менамоем.
Ва агар носипосӣ кардед, ба дурустӣ, ки азоби Худованд сахт аст».
Мо бояд шукронаи давлати соҳибистиқлоламонро кунем, ки узви кулли созмонҳои байналмилалӣ аст ва дар ҳаллу фасли мушкилоти сайёра ташаббускору пешсаф мебошад.
Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри давлатамон ва боз ҳам неруманду пешрафта гардонидани он бошем ва фаромӯш накунем, ки ҳоло дар оғози марҳалаи давлатсозӣ қарор дорем, яъне акнун давлат сохта истодаем.
Мо ҳанӯз дар зиндагии давлат ва халқамон мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем, ки барои бартараф кардани онҳо бояд боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ бошем ва содиқонаву софдилона заҳмат кашем.
Мо бояд барои худ, аҳли хонадон ва пеш аз ҳама, фарзандонамон шароити хубу бароҳати зиндагӣ ва таълиму тарбияро муҳайё кунем, онҳоро босавод, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонем, то онҳо дар оянда – дар замонаи пешрафти илм ва техникаву технологияҳо – азият накашанд ва соҳибону номбардорони фардои миллати тоҷик бошанд.
Мо бояд дар дунё чунон зиндагӣ кунем, ки номи неку амали хайри мову шумо дар саҳифаҳои таърих барои наслҳои оянда боқӣ монад.
Ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи кишвар саломативу дили шод, хушбахтӣ, барору пешравиҳо дар кору зиндагӣ ва муҳимтар аз ҳама, неъмати бузурги осоишу оромӣ орзу менамоям.
Сарбаланду хонаобод бошед, ҳамватанони азиз!
Манбаъ: Сомонаи Президенти ҶТ