Пайдо кардани ҷасади як ноболиғи ғарқшуда дар канали Сталин воқеъ дар ноҳияи Вахш

ҷасади як ноболиғ

Як писари 16-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Сафеддашти ноҳияи Вахш ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари Сталин дар об ғарқ шудааст. Ин ҳодиса 3-уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 14:30 дақиқа рух додааст

Худи ҳамон рӯз бо дарёфти хабар  наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали

наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз маҷмуи таҷҳизотҳои ғаввосӣ, қайқи резинӣ бо муҳаррик, камераи зериобии CHASING M2 PRO MAX корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти рӯиобиву зериобиро роҳандозӣ карданд.

Ҷустуҷӯ чанд рӯз идома дошт ва ниҳоят  рӯзи 9-уми июн, соати 15:02 дақиқа  тахминан 500-550 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса ҷасадро пайд ва ба пайвандонаш супурданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад ноболиғонро беназорат нагузоранд. Бахусус шиноварӣ дар обҳои равон, ба мисли каналу рӯдхонаҳо барои касоне, ки оббозӣ наметавонанд, хатари ҷиддӣ дорад.