Ду ҳодисаи нохуши рӯзи гузашта

шаҳри Норак

10 – уми июни соли  2025,  соати 12:38 дақиқа навбатдори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак, ба сардори Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак хабар расонд, ки шаҳрванд Хитров Андрей Евгенеевич, соли таваллудаш 27.03.1971, истиқоматкунандаи кӯчаи Ш. Юсуфӣ, хонаи №11, хуҷраи №8 дар дохили хуҷра фавтидааст.

Баъд аз гирифтани хабар, ҳайати шахсии Хадамот ба суроғаи зикршуда расида, соати 13:50 дақиқа дари хонаи марҳумро боз карда, ҷасадро аз хона бароварда ба мақомоти дахлдор супорид.

Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванд танҳо зиндагӣ мекард ва дар бораи пайвандонаш касе чизе намедонад.

****     ****    *****

10 июни соли  2025,  соати 16:50 дақиқа дар ҳудуди шаҳри Норак, садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. 

Автомашинаи тамғаи BMW, ки аз ҷониби як сокини 21-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Кибил ба самти маркази шаҳр ба автомашинаи тамғаи Toyota Camry, ки онро як сокини 24-солаи деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангин идора мекард, бархӯрд.

Бар асари ин ҳодиса ронандаи Toyota Camry дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Сабаби садамаи маргбор аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронандаи 21-солаи мошини BMW гуфта шудааст.

Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардаву тафтишот идома дорад.

барчасп: