Тантанаҳои идонаи сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Наваскарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Рашт донишҳои назариявии ду моҳи ахир омӯхтаи худро дар як дарси амалӣ санҷиданд. Онҳо бо воситаҳо ва техникаи наҷотдиҳӣ аз наздик шинос шуданд.

Бо мақсади омӯзиши малакаҳои фаъолияти наҷот, ҳамчунин  шинос намудан бо техникаи махсус ба сарбозони даъвати тирамоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар минтақаи Рашт хизмат мекунанд, техникаи мавҷудаи воҳидҳои наҷот намоиш дода шуданд.   

Кормандони  воҳиди наҷотдиҳии Ситоди минтақаи Рашт таҷҳизоти наҷот ва техникаро ба намоиш гузошта, ҳамчунин оид ба равишҳои наҷоти одамон дар ҳолатҳои фавқулодда навори видеоӣ намоиш доданд. 

Муддати ду моҳи охир сарбозон назарияи ширкат дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаро омӯхтанд. Имрӯз барояшон муяссар гардид, ки донишҳои андӯхтаи худро амалан санҷанд, бо воситаҳо ва техникаи наҷот аз наздик шинос шаванд ва онҳоро истифода баранд. Сарбозон ба саволҳои худ посухҳои зарурӣ дарёфт намуданд. 

Дар шимоли кишвар дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона гузаронида шуд. Имсол наваскарони даъвати тирамоҳӣ бори аввал Соли навро дар иҳотаи дӯстон ва ҳамхизматонашон мегузаронанд. Ин буд, ки онҳо бе таваҷҷуҳ намонданд. Аввалин шуда онҳоро фармондеҳи қисми ҳарбӣ ва муовини Сардори Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд муборакбод намуданд.   

Дар остонаи Соли нави 2018 дар қисми ҳарбӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки ба сарбозон аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ туҳфаҳои солинавӣ супурда шуданд.  

Дар доираи чорабинии тантанавӣ ҳукумати иҷроияи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барномаи консертӣ бо ширкати намояндагони хонаи фарҳанги ноҳия баргузор намуд. Ҳамчунин дастурхони идона низ ороста шуд.

Ба муносибати таҷлили Соли Нав дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии КҲФ барномаҳои консертӣ, мулоқотҳо бо адибон, собиқадорон ва волидони сарбозон баргузор гардиданд.

барчасп: