Тамринҳои нав дар Панҷакент

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2025, таҳти №159 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи иншоотии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд»  дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳон, сардорон ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» рӯзи 13-уми июни соли 2025 машқи иншоотӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин тамрин роҳбари машқ-сардори шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, подполковник Раҷаббойзода Холмаҳмад Раҷаббой, сардори Ситоди машқ – сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент подполковник Мирзода Умед, ёварон ва миёнаравон аз ҳисоби афсарони Раёсати Кумита дар вилоят, таъин карда шуд.

Ҳайати иштирокчиёни машқи иншотии мудофиаи гражданӣ тибқи руйхат аз қайд гузаронида шуда, аз тарафи Роҳбари машқ бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилояти Суғд ва тартиби гузаронидани машқ шинос карда шуданд.

Мувофиқи вазъияти шартии машқи иншоотӣ дар полоишгоҳи кони “Ҷилав” рахнашавӣ ба вуқӯъ омада, заҳролудшавӣ аз эҳтимол дар назар аст. Аз ҷониби неруҳои ғайриҳарбии иншоот амалҳо вобаста ба наҷоти кормандон ҳангоми рух додани рахнашавии полоишгоҳ нишон дода шуд. Инчунин дар машқи мазкур Дастаи хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ амали худро вобаста ба наҷоти кормандони иншоот нишон доданд. Ҳамзамон техникаҳои муҳандисии иншшот барои бартараф намудани ҳолати баамаломада сафарбар карда шуданд.

Аз ҷониби гурӯҳи безараргардонӣ ва сӯхторхомушкунии иншоот ихроҷи моддаи сахттаъсири заҳролудкунанда бартараф карда шуда, кормандони зарардида ба минтақаи бехавф эвакуатсия карда шуданд.

Инчунин дар рафти машқ бинобар рух додани офати табиӣ омадани сел дар ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент қисми қувва ва воситаҳои иншоот барои бартараф намудани оқибатҳои сел сафарбар карда шуданд.

13-уми июни соли 2025 соати 11:30 дақиқа дар назди полоишгоҳи кони «Ҷилав»-и ҶДММ КМ “Зарафшон”, машқи иншоотии мудофиаи гражданӣ ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда шуд.

Сардори  бахши кор  бо ҷомеаи  Раёсат подполковник Маликзода Д.М.

барчасп: