Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар ҳамаи сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт масъулин корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.
Чорабиниҳои фарҳангӣ ва баргузории суҳбатҳо миёни ҳайати шахсии қисми ҳарбии 45989 яке аз бахшҳои асосии ин нақша ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати Миллӣ чунин вохуриҳо ва суҳбатҳои судманд дар дигар қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои таркибии Кумита низ амалӣ мегарданд.