Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо фармондеҳи Гвардияи миллии штати Вирҷиния, генерал Ҷеймс В. Ринг, вохӯрӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои судмандро баррасӣ намуда, омодагии худро барои тақвияти бештари ҳамкорӣ ва табодули таҷриба изҳор доштанд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни суҳбат ташкили курсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони кишварҳои Осиёи Марказиро дар Маркази тамринии Каратог муҳим арзёбӣ кард.
Ҷонибҳо инчунин бар зарурати боло бурдани дониш ва малакаи касбии кормандон таваҷҷуҳ намуда, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда таъкид карданд.