Ваҳдати миллӣ рамзи матонати мардумони кишвари Тоҷикистони азиз маҳсуб ёфта, бо ҷасорату далерии марди сиёсатмадори ҷаҳонӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Дар он замони душвор мардуми ба гирдоби андешаи дигарон афтодаро муттаҳид намудан корӣ осон набуд. Ба ин кори таърихӣ марди донишманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст зада мардумро сари дастархои ваҳдати миллӣ гирд овард.
Ваҳдат ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, заминаи устувории кишвар, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик аст. Ваҳдати миллӣ чун таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тоҷикон ба баракати заҳматҳои бузурги Пешвои муаззами миллатамон ба даст омад.
Пас ҳар як фарзанди ин диёр, сокинони ин сарзамини аҷдодӣ, тоҷику тоҷикистонӣ, ба қадри хидматҳои бузурги ин меъмори кохи муҳташами ваҳдати миллӣ, ин фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан рисолати инсонии ҳар як ватандор буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддас барои пойдории ваҳдати миллӣ мебошад.
Генерал-полковник
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ