КҲФ: Машқи мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон

24–26 сентябри соли 2025 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.

  Чорабинӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ барои соли 2025 ва фармоиши Сардори мудофиаи граждании вилоят ташкил ва гузаронида шуд.

Машқ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии ноҳия ҳангоми боришоти пайдарпай, омадани сел ва таҳти хатар қарор гирифтани ҳудуди ҷамоатҳои деҳот» ҷараён гирифт.

  Ба машқ беш аз 1200 нафар ҳайати роҳбарикунанда, кормандону хизматчиёни ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аҳолӣ ва 80 адад техникаю воситаҳои муҳандисӣ ва нақлиётӣ ҷалб карда шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиёни фаъоли машқ бо  «Сипоснома»-и Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.