Рӯйдодҳои олам: таркишҳо, заминларзаҳо, тундбодҳои харобиовар

Ҳамин аст хулосаи мухтасари рӯйдодҳои олам, ки бар асари он одамон ҳалок шудаанд, хонаҳо вайрону валангор гаштаанд, тарсу ларз миёни сокинон соя андохтааст. Аз ҷумла:

Таркиш дар терминоли гандуми Аргентина 17 нафарро замӣ кард

Бар асраи таркиши шадид дар як терминоли гандуми Аргентина воқеъ дар  Пуэрто-Хенерал-Сан-Мартин 17 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи иттилои РИА Новости ин таркиш рӯзи 27-уми декабр рух додааст.

Манбаҳои пулиси шарҳ гуфтаанд, ки инфиҷор ба ҳадде шадид буд, ки сокинонро ба таҳлуқа андохт. Дар ҷойи таркиш дуди ғафс ба осмон печид. 

Дар айни замон сабаби ин таркиш мушаххас нашудааст ва коршиносон мегӯянд таҳқиқи онро идома медиҳанд.

Тундбоди шадид дар Сахалин ба 46 бино зарар расонд

Тундбоди шадид дар Сахалин муҷиби зарар дидани 46 бино шуд. Дар ин бора хабаргузориҳо истинодан ба хадамоти матбуотии вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар минтақа хабар доданд.

Соати 9 субҳ хабар дода шуд, ки фишори ин тундбод коҳиш ёфтааст. Вале он сабабгори зарар дидани 46 бино шудааст. 

Гуфта мешавад, ки то беҳтар шудани вазъи ҳаво тоза кардани кӯчаву хиёбонҳо номумкин аст, аз ин рӯ ҳаракати нақлиёт дар ҷодаҳои осебдида қатъ шудааст.  

Тибқи иттилоъи манбаъ 16 нуқтаи аҳолинишин пурра бе нерӯи барқ мондаанд. Барои бартараф кардани вазъ 32 бригадаи кормандони барқ равона шудаанд, ки 148 нафар ва 63 техника дар ихтиёр доранд.

Барои бартараф кардани оқибатҳои ин тундбоди харобиовар 1161 нафар ва 344 техника ҷалб шудааст. 

Заминларза дар уқёнуси Ором ва Эрон

Заминларза бо қувваи 5,5 балл шаби 27-уми декабр соҳилҳои уқёнусиоромии ҷазираи Гуами Амрикоро такон дод. Дар ин бора аз хадамоти геологии ИМА иттилоъ расид.

Манбаъ мегӯяд маркази ин заминларза 140 км дар қисмати ҷанубу ғарбии деҳаи Меризо буд. Дар бораи талафоти ҷониву вайрониҳо иттилоъ дода нашудааст. 

Ҳамзамон бо ин аз ду заминларза дар Эрон хабар дода мешавад, ки бар асари он як нафар ба ҳалокат расидааст ва 56 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Тибқи иттилои бахши русии радиои “Озодӣ” ин заминларзаҳо низ рӯзи чоршанбе, 27-декабр рух додаанд.

Манбаъҳои расмӣ қувваи яке аз онро дар марказаш ноҳияи Албурз, тақрибан 50 км дуртар аз шаҳри Теҳронро 4,2 балл эълон кардаанд.

Заминларзаи дуюм дар вилояти Кирмоншоҳ, тақрибан 700 км дуртар аз шаҳри Теҳрон ба қайд гирифта шудааст. Дар бораи талафот ва харобиҳо иттилои бештар дода нашудааст. 

Гуфтанист, ки моҳи ноябри соли равон дар вилояти Кирмоншоҳи Эрон заминларзаи шадид бо қувваи 7,2 балл рух дода буд, ки такони онро ҳатто дар Исроил, Кувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб ҳисс карда буданд. Бар асари ин заминларза беш аз 520 нафар куштаву зиёда аз 7 ҳазор тан захмӣ шуда буданд.

Тибқи як иттили дигар зарфи  се моҳи гузашта дар Мексика 13 ҳазор маротиба такони заминро ба қайд гирифтаанд. 

Дар Арабистони Саудӣ ронандаи масте, ки дар садамаи маргбор шаш нафарро кушта буд, қатл шуд

Ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ рӯзи сешанбе ҳукми додгоҳ дар мавриди эъдоми як ронандаи мастро ба иҷро дароварданд.

Ин ронанда сархӯш аз шароб мошин меронд ва сабабгори ҳалокати 6 нафар узви як оила дар садамаи маргбор шуда буд.

Муҳаммад ал-Қаҳтонӣ мошинашро болои мошине ронд, ки дар он шаш нафар аъзои як хонавода менишастанд ва онҳо ҳамон замон ба ҳалокат расиданд. Ронандаи маст зинда монда буд.

Аз ин садама танҳо як духтарча ҷон ба саломат бурда буд.

барчасп: