КҲФ: Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон

Нимаи дуюми рӯзи 10 декабри соли 2025, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон доир гардид. Мулоқоти мазкурро намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳӣ намуд.    Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таҳкими  равобити ҳасана ва таҷдиди лоиҳаҳои сармоягузории башардӯстонаро мавриди баррасӣ қарор доданд.     Дар интиҳои вохӯрӣ барои бозҳам густариши ҳамкориҳо изҳори назар карда шуд. 

барчасп: