Садамаи қатори боркаш дар Ёвон. Сабаб боришоти шадид ва эрозияи замин

Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз садамаи як қатори боркаш дар қаламрави ноҳияи Ёвон хабар дод.

Бино ба гузориши расида рӯзи 14-уми декабри соли 2025, соати 07:00 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Норин, деҳаи Зафар ҳангоми ҳаракати қатори боркаш дар роҳи оҳане, ки аз Бохтар ба самти Ёвон дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама гардид. Манбаъ сабаби онро боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой медонад, ки аз назди он роҳи оҳан убур мекунад.

Ин қатор, ки боркаш буд, баногаҳ аз хати роҳи оҳан хориҷ шудааст. 

Айни замон аз тарафи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳия ва наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар ҳайати 6 нафар дар ҷои ҳодиса фаъолият намуда истодаанд.

барчасп: