КҲФ — Душанбе – Хуҷанд: Наҷотдиҳандагон дар шоҳроҳ фаъолият доранд

Дар асоси дастуру супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ҳайати наҷотдиҳандагони Раёсати наҷотдиҳии Кумита дар ҳайати 6 нафар ба корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафкунӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ҷалб гардидаанд.

Роҳбарии гурӯҳи наҷотдиҳии мазкурро подполковник Латифзода Р. ба уҳда дошта, ҳайати шахсӣ бо техника ва таҷҳизоти зарурии наҷотдиҳӣ ва бартарафкунӣ пурра муҷаҳҳаз гардидаанд.

Наҷотдиҳандагон дар мавзеи Майхура дидбонгоҳ ташкил намуда, мунтазам дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор ба корҳои бартарафкунӣ машғул мебошанд.

Ҳамзамон, онҳо ба автомашинаҳое, ки дар шоҳроҳ бинобар вазъи номусоиди обу ҳаво дармондаанд, сари вақт кӯмак расонида, амнияти ҳаракатро таъмин менамоянд.

барчасп: