КҲФ: Баррасӣ ва мувофиқасозии нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ дар соли 2026

24 декабри соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба баррасӣ ва мувофиқасозии нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2026 баргузор гардид.

Раёсати ҷаласаро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба уҳда дошта, дар ҷаласа ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, такмили тадбирҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани сатҳи омодабошии қувва ва воситаҳо, инчунин таъмини эътино ва рафъи саривақтии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа зарурати татбиқи саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда таъкид гардида, бо назардошти пешниҳоду тавсияҳои ироашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

барчасп: