КҲФ: Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳо

 Дар шаҳри Душанбе Гурӯҳи кории байниидоравии Платформаи миллии паст кардани хавфи офатҳо барои баррасии пешрафт дар татбиқи Стратегияи миллии паст кардани хавфи офатҳо ва муҳокимаи чораҳои афзалиятнок барои тақвияти иқтидори Платформаи миллӣ ҷамъ омад. Дар ин ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ, мақомоти дахлдори миллӣ ва шарикон иштирок доштанд.

  Гурӯҳи корӣ натиҷаҳои асосии бадастомада дар соли 2025-ро баррасӣ кард ва афзалиятҳоро барои соли 2026 ва давраи миёнамӯҳлат то соли 2028 баррасӣ кард. Муҳокимаҳо ба омилҳои афзалиятнок барои татбиқи самараноки Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла таъсиси системаи мониторинг ва иттилоот (MIS), таҳияи портали иттилоотии онлайни миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва тақвияти иқтидор тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ нигаронида шуданд. Корҳо дар самти мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва шарикон пеш бурда дар доираи лоиҳаи муштараки Идораи СММ (UNDRR) оид ба паст кардани хавфи офатҳо ва Ҳукумати Швейтсария "Таҳкими устуворӣ ба офатҳо ва тағирёбии иқлим дар Тоҷикистон" дастгирӣ шуда истодаанд. Барои самтҳои мазкур чораҳои минбаъда муайян карда шуданд.

Ҳадафҳо, доираи фаъолият ва нақшҳои институтсионалии система муайян карда шуда, қайд гардид ки таҳияи системаи шаффоф ва функсионалии мониторинг барои пайгирии пешрафт дар самти Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо ва нақшаҳои амали муҳим мебошад.

 Иштирокчиён инчунин зарурияти манбаи маълумоти дастрас дар бораи маблағгузорӣ ва натиҷаҳои лоиҳаю барномаҳои самти паст кардани хавфи офатҳоро дар сомонаи Платформаи миллӣ қайд карданд. Интизор меравад, ки он шаффофият ва ҳисоботдиҳиро дастгирӣ кунад, ҳамоҳангиро байни ҷонибҳои манфиатдор тақвият диҳад ва қабули қарорҳои асосёфта ба далелҳоро таъмин намояд. Он ҳамчун заминаи умумӣ барои мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозӣ хизмат хоҳад кард ва ба ҳадафгирии самараноктари сармоягузориҳои самти коҳиши хавфи офатҳо мусоидат хоҳад кард.

Таҳкими идоракунии хатари офатҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун як самти калидии фаъолияти Платформа муайян карда шуд. Он иштироки Тоҷикитонро дар платформаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии коҳиши хатари офатҳо, ҳамкорӣ дар Форуми минтақавии роҳбарони мақомоти фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, татбиқи Стратегияи минтақавии паст кардани хавфи офатҳо барои Осиёи Марказӣ-ро дар бар мегирад. Ин амалҳо барои тақвияти иқтидори институтсионалӣ, пешбурди ҳамкории минтақавӣ ва дастгирии мутобиқат бо чаҳорчӯбаҳои байналмилалии коҳиши хавфи офатҳо нигаронида шудаанд.

Дар ҷаласа лоиҳаи Консепсияи тақвияти иқтидори идоракунии хатари офатҳои табиии Тоҷикистон тавассути шарикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, инчунин шарҳи натиҷаҳои иштироки Тоҷикистонро дар ҷаласаи 8-уми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Женева баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. Ҳайат, ки таҳти роҳбарии муовини сарвазир қарор дошт, бо роҳбарияти Идораи СММ оид ба паст кардани хавфи офатҳо (UNDRR), Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC), Платформаи миллии Швейтсария оид ба офатҳои табиӣ (PLANAT), Идораи федералии метеорология ва иқлимшиносӣ (MeteoSwiss), ва дигарҳо мубодила намуд.

Амалҳои афзалиятноки баррасишуда дар ҳуҷҷатҳои банақшагирӣ барои давраи оянда, аз ҷумла лоиҳаи Нақшаи амали Стратегияи миллии паст кардани хавфи офатҳо барои солҳои 2026-2028 ва Нақшаи кории Платформаи миллӣ барои соли 2026 инъикос ёфтаанд. Интизор меравад, ки ин ҳуҷҷатҳо бо саҳми ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, донорҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шудаанд, то охири соли 2025 тасдиқ карда шаваннд

барчасп: