КҲФ: Дар ш. Ваҳдат аксияи "Тозагии шаҳри мо-масъулияти мост!" доир гардид

 Дар шаҳри Ваҳдат бо ҷалби сохтору мақомотҳои дахлдор ва аҳли ҷамоату деҳаҳо аксияи " ТОЗАГИИ ШАҲРИ МО - МАСЪУЛИЯТИ МОСТ!" баргузор гардид.

Дар баробари дигар мақомотҳои дахлдор ҳайати шахсии Бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат фаъолона иштирок доштанд.

Аксияи мазкур дар бозорҳо, хиёбонҳо, мавзеъҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаву тангкучаҳо доир гардид.

Ҳар як нафари ҷалбгардида, бо як рӯҳияи ободкорона амал намуда, дар тозаву ороста намудани кӯчаву хиёбонҳо аз худ саҳми арзанда гузоштанд.

барчасп: