ВМКБ: Шарҳи Паём

29-уми декабри соли 2025 бо мақсади расонидани мафҳум ва моҳияти Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд ва ҳамзамон оид ба тағйиру иловаҳо ба кодекси маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар толори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндаи прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ лейтенант Ҳайдарзода А., доир гардид.

Дар вохӯрӣ аз тарафи мавсуф оид ба самтҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуда, қайд гардид, ки соли 2025 барои мардуми Тоҷикистон соли бобарор буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чандин дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Масъалаи дигар, ки дар рафти вохӯрӣ аз тарафи намояндаи мақомоти пркуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ баррасӣ карда шуд, ин тағйиру иловаҳо ба кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғайриоқилона истифода намудани нерӯи барқ аз тарафи бархе аз муштариён мебошад.

Қайд гардид, ки барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ тибқи талаботи моддаи 253-и кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 382-юми кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

барчасп: