КҲФ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ рушд меёбанд

30 декабри соли 2025 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Адҳам Мусаллам мулоқот анҷом доданд.

      Дар мулоқот намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ — таҳиягари барнома Илҳом Сафаров, ёрдамчии директор Мунира Амидхоновна ва корманди матбуот Гулҷаҳон Хамробойзода иштирок намуданд. Аз ҷониби Кумита сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Камолзода Ҷамшед ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Шерзода Чура ҳузур доштанд.

        Ҷонибҳо масъалаи ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки ҳадафи асосии созишнома рушди ҳамкориҳои муштарак дар самти омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.

      Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва идомаи татбиқи иқдомҳои муштарак иброз намуданд.

барчасп: