КҲФ: Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун

Дар асоси дастуру супоришҳои Протоколи ҷаласаи назди раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ноҳияи Нуробод ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони Кумита, аъзои Комиссия, сохторҳои дахлдор, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва зернизомҳои вазифавии низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода иштирок намуда, масъалаҳои муҳими пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, бахусус дар минтақаҳои хавфноки ноҳия, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаласаро муовини раиси ноҳия Раҳмонзода Зоиршо оғоз бахшида таъкид карданд, ки андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, махсусан селу ярч, аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Муовини сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудӣ Кумита полковник Раҳимзода Фаридун дар баромади худ қайд карданд, ки бо назардошти тағйирёбии иқлим ва зиёд гардидани хатари офатҳои табиӣ, масъалаи пешгирӣ ва коҳиш додани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар мавсими баҳору тобистон аҳамияти махсус касб намудааст.

Ҳудуди ноҳияи Нуробод бо сабаби ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба хавфҳои гуногун, аз қабили сел, ярч, обхезӣ ва сангрезӣ бештар осебпазир мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир шумораи ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ афзоиш ёфта, ба иқтисодиёт ва зиндагии аҳолӣ зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, вазифаи асосии мо на танҳо бартараф намудани оқибатҳои чунин ҳолатҳо, балки пешгирии саривақтии онҳо мебошад.

Полковник Раҳимзода Фаридун дар хотимаи суханронии худ таъкид намуд, ки танҳо дар сурати ҳамоҳангии фаъолияти тамоми сохторҳо ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ мо метавонем хавфи ҳолатҳои фавқулодаро коҳиш дода, амнияти сокинони ноҳияро таъмин намоем.

Дар раванди кори ҷаласа муҳокимаи ҳолати амалишавии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба амалишавии қарорҳои дахлдор, аз ҷумла №778 (соли 2006), №799 (соли 2015), №602 (соли 2010), №630 (соли 2022) ва №262 (соли 2012), аз ҷониби бахши Кумита дар ноҳияи Нуробод як қатор чорабиниҳо амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла:

-мониторинги доимии мавзеъҳои хавфноки ноҳия ба роҳ монда шудааст;

-нақшаҳои амал дар ҳолатҳои фавқулода таҷдид ва мувофиқа карда шудаанд;

-захираҳои моддӣ ва техникӣ барои вокуниши фаврӣ омода карда шудаанд;

-бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Бо вуҷуди ин, ҳанӯз як қатор масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонанд. Аз ҷумла, зарурати тақвият бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, беҳтар намудани ҳолати заҳбурҳо ва ҷӯйборҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ва ҷалби бештари сохторҳои маҳаллӣ ба корҳои пешгирикунанда. Махсусан, мавзеъи деҳаи Яхаки Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ҳалимов ҳамчун минтақаи хавфнок арзёбӣ гардида, талаб мекунад, ки корҳои муҳандисӣ ва муҳофизатӣ дар он ҳар чӣ тезтар амалӣ карда шаванд.

Қайд гардид, ки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикситон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034 як ҳуҷҷати муҳими давлатӣ мебошад, ки ба коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ ва инфрасохтор аз офатҳои табиӣ равона шудааст. он татбиқи чораҳои пешгирикунанда, тақвияти иқтидори идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва рушди низоми самаранокии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаро пешбинӣ менамояд.

Дар хотимаи кори ҷаласа, мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода тақвият бахшида, омодагии қувва ва воситаҳоро барои вокуниши фаврӣ таъмин намоянд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъ, пешниҳод гардадид:

-тақвият додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфнок;

-ҷалби техника ва захираҳои иловагӣ барои корҳои пешгирикунанда;

-баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ тавассути омӯзиш ва машқҳои амалӣ;

-пурзӯр намудани ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ;

-назорати қатъии иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда.

Дар доираи чорабиниҳои амалии сафар, намояндагони Кумита аз мавзеъҳои хавфноки ҳудуди ноҳия, аз ҷумла минтақаҳои селфарои деҳаи Яхак ва Юсти Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ҳалимов ва деҳаи Муҷихарфи Ҷамоати деҳоти Муҷихарф дидан намуданд.

Ҳангоми боздид бо сокинони маҳаллӣ, ки дар минтақаҳои хавф қарор доранд, суҳбатҳои мустақим баргузор гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва тартиби амал дар ҳолатҳои фавқулода анҷом дода шуданд.

Ҳамзамон, аз тарафи гурӯҳи корӣ чунин чорабиниҳо санаи 30 марти соли равон дар шаҳри Роғун низ гузаронида шуданд.

 

барчасп: