Дар асоси дастуру супоришҳои Протоколи ҷаласаи назди раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ноҳияи Сангвор ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони Кумита, аъзои Комиссия, сохторҳои дахлдор, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва зернизомҳои вазифавии низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода иштирок намуда, масъалаҳои муҳими пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, бахусус дар минтақаҳои хавфноки ноҳия, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаро муовини раиси ноҳия Мухамадизода Махамадсолех оғоз бахшида таъкид карданд, ки андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, махсусан селу ярч, аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Муовини сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудӣ Кумита полковник Раҳимзода Фаридун дар баромади худ қайд карданд, ки бо назардошти тағйирёбии иқлим ва зиёд гардидани хатари офатҳои табиӣ, масъалаи пешгирӣ ва коҳиш додани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар мавсими баҳору тобистон аҳамияти махсус касб намудааст.
Ҳудуди ноҳияи Сангвор бо сабаби ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба хавфҳои гуногун, аз қабили сел, ярч, обхезӣ ва сангрезӣ бештар осебпазир мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир шумораи ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ афзоиш ёфта, ба иқтисодиёт ва зиндагии аҳолӣ зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, вазифаи асосии мо на танҳо бартараф намудани оқибатҳои чунин ҳолатҳо, балки пешгирии саривақтии онҳо мебошад.
Полковник Раҳимзода Фаридун дар хотимаи суханронии худ таъкид намуд, ки танҳо дар сурати ҳамоҳангии фаъолияти тамоми сохторҳо ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ мо метавонем хавфи ҳолатҳои фавқулодаро коҳиш дода, амнияти сокинони ноҳияро таъмин намоем.
Дар раванди кори ҷаласа муҳокимаи ҳолати амалишавии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба амалишавии қарорҳои дахлдор, аз ҷумла №778 (соли 2006), №799 (соли 2015), №602 (соли 2010), №630 (соли 2022) ва №262 (соли 2012), аз ҷониби бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор як қатор чорабиниҳо амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла:
-мониторинги доимии мавзеъҳои хавфноки ноҳия ба роҳ монда шудааст;
-нақшаҳои амал дар ҳолатҳои фавқулода таҷдид ва мувофиқа карда шудаанд;
-захираҳои моддӣ ва техникӣ барои вокуниши фаврӣ омода карда шудаанд;
-бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз як қатор масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонанд. Аз ҷумла, зарурати тақвият бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, беҳтар намудани ҳолати заҳбурҳо ва ҷӯйборҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ва ҷалби бештари сохторҳои маҳаллӣ ба корҳои пешгирикунанда. Махсусан, мавзеъи деҳаи Хур, Сайед ва Сабзихарфи Ҷамоати деҳоти Вахие инчунин дехаии Тавилдара, Дехикалон ва Шахришави чамоати дехоти Тавилдара ҳамчун дао дигар дехазои нохияи Сангвор гузаронидани корхои пешгирикунанда мархила ба мархила идома доранд.


