Баҳси терроризм ва эстремизм дар мулоқот бо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ

Кормандони масъули Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки муддате меҳмони ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буданд, аз зуҳуроти манфуре чун терроризм ва экстремизм суҳбат ба миён оварданд ва гуфтанд, ки ин падидаҳо ба амнияти кишвари мо мустақиман таҳдид мекунанд.

 Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 

Дар мулоқот масъалаҳои терроризм ва экстремизм ва оқибатҳои ҳалокатбори он мавриди суҳбат қарор гирифт.  

Сардори Шуъбаи мубориза бо терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, подполковник С.Шарипов дар баромади худ қайд кард, ки терроризм ба амнияти кишвар таҳдиди мустақим дорад. Аз ин рӯ, масъалаи муқовимат бо терроризим ва экстремизм дар Ҷуқмҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин вазифаҳо дар таъмини бехатарӣ дар сатҳи давлатист. 

«Қонунгузории мо чун қоннугузориҳои байналмилалӣ ба ҳифзи ҳуқуқи шахс, таъмини субот дар сохторҳои давлатӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷкистон як қатор санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқие ҳастанд, ки мубориза бо густариши экстремизм ва терроризмро таъмин мекунанд.”,-гуфт С.Шарипов.

Дар ҷараёни мулоқот дар бораи шаклҳои экстремизм ва фоҷеаи амалҳои террористӣ порчаҳои таъсирбахши видеоӣ намоиш дода шуданд. 

Дар поёни вохӯрӣ сардори Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, полковник Р.Неъматзода ба меҳмонон барои суҳбати муфиду муфассалашон дар мавзуъи мавриди баҳс ва посухҳояшон ба суолҳои кормандон изҳори сипосу қадрдонӣ намуд. Ҳамзамон аз ҳайати шахсӣ даъват кард, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос хеле ҳушёру зирак бошанд, то дар таъмини амнияти кишвар аз шарри зуҳуроте чун терроризм саҳм гиранд.