Анҷоми як давраи омӯзишӣ барои мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба таҳкими робитаҳо бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх таъкид кард. Рустам Назарзода, ки дар маросими эътои шаҳодатномаҳои хатми як давраи омӯзишӣ барои мутахассисони КҲФ суханронӣ мекард, ин омӯзишҳоро муфид ва пурмӯҳтаво хонд.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин касоне ҳастанд, ки ба кумаки зарардидагон мешитобанд, нақши басо муҳиме дар вокуниш ба офатҳои табиӣ доранд. Бо мақсади баланд бардоштани малакаҳо ва донишҳо мутахассисони КҲФ якҷо бо намояндагони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дастурамал оид ба берун овардан, ҳукҷҷатикунонӣ ва интиқоли ҷасади фавтидагон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда”-ро омода карданд. 

Бар асоси ин дастурамал ва таҷрибаҳои мавҷудаи байналмилалӣ дар ин самт дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ барои мураббиён аз зумраи кормандони КҲФ оид ба кор бо ҷасади инсон дар ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид. Ин омӯзишҳо аз ҷониби мутахассисони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд. 

Дар ҷараёни омӯзиш диққати асосӣ ба ҳамкориҳое равона шуд, ки метавонанд муносибат бо ҷасади фавтидагонро бо назардошти мушаххас кардани афроди мурда, зарурияти эҳтироми шахсияти инсон ва меъёрҳои урфу одатҳои маҳаллиро таъмин созанд.  Омӯзишҳо ширкаткунандагонро амалан бо дастури ёдшуда ва равишҳои нисбатан самаровари кор дар ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табии алоқаманд бо теъдоди афроди зиёди фавтида шинос намуданд. 

«Таъмини муносибат бо ҷисми фавтидагон бахши ҷудонашавандаи чораҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи омодагиҳо ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад,-қайд намуд Клаудия  Клаудия Елена Гарридо Варас- ташхисгари тиббии минтақавии Салиби Сурхи Байналмилал.- Ҳатто агар кор бо ҷасади фавтидагон дуруст ва муносиб ба роҳ монда шуда бошад ҳам ин раванд метавонад дар ҷараёни ҳодисаҳое, ки талафоти ҷонии зиёд доранд, осон вайрон карда шавад”.

Дар поёни омӯзиш ба ширкаткунандагон шаҳодатномаҳо супурда шуданд. Дар маросими эътои шаҳодатномаҳо ва эълони хатми омӯзиш Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ширкат ва суханронӣ намуд.

Сарвари Кумита ба мураббиён барои дарсҳои пурмуҳтаво ва омӯзишҳои муфидашон изҳори миннатдорӣ кард ва умедвор шуд, ки ҳамкориҳои Кумита бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар оянда низ таҳким хоҳад ёфт.