Наҷоти духтари ҷавон, ки қасди худкушӣ дошт

Духтари ҷавоне дар Бохтар қасд дошт худро бикушад. Аммо кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ӯро сари вақт наҷот доданд. Сабаби рӯйдод номаълум. Мақомот пайи тафтиши ин ҳодисаанд.

Наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҳодисаи худкушии як духтари ҷавон пешгирӣ карданд.   

Духтари 18-сола ба балкони хонаи чорошёна боло боло шуд ва мехост аз он худро ба зер андозад. Бо дарёфти хабари даҳшатноки қасди худкушӣ кормандои Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон худро ба кӯчаи Борбади шаҳри Бохтар расонданд.   

Наҷотдиҳандагон бо духтари ҷаон вориди гуфтугӯ шуданд ва талош карданд аввал ба боварии вай дароянд. Бо ёрии ҳамин гуфтугӯ тадриҷан ӯро нарм карданд ва қасдаш баргардониданд.

Онҳо кумак карданд, ки духтар ба замин фарояд ва ӯро ба кормандони милистяи супурданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тафтиши ҳодиса шуруъ карданд.