Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд

Барномарезии дар ҳоли омодабоши ҳамешагӣ нигоҳ доштани нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ яке аз ҳадафҳои аслии Нақшаи чорабиниҳост, ки ҳамасола таҳия ва иҷро мешавад. Ҳадаф ҳамеша омода будан ба ҳаводиси номатлуб, офатҳои табиӣ ва техногенӣ мебошад. Ва ин гуна тадбирҳову чорабиниҳо пайваста гузаронида мешаванд.

Аз  20 то 26 сентябри соли 2018 бо мақсади танзими комёбиҳо дар кори роҳбарони мақомоти идорӣ ва хадамоти бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, такмили роҳу шеваҳои ҳимояи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин тафтиши  сифати иҷрои чорабиниҳое, ки дар  Нақшаи тадбирҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии  ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2018 омадааст, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳо баргузор намуданд, ки ба ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ ва табиӣ равона шуда буд.

Чунончӣ, дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд тамринҳои фармондеҳиву ситодӣ дар мавзуъи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда” роҳандозӣ шуданд. 

Бо мақсади баргузории сифатноки омӯзишҳо кормандони КҲФ корҳои зиёди ташкиливу амалӣ бо шахсони мансабдори мақомоти идорӣ, роҳбарони ташкилотҳо оид ба омода намудани онҳо ба баргузории чорабиниҳои амалӣ гузарониданд. 

Ҳамчунин фаъолияти мақомоти идории воҳидҳои шаҳриву ноҳиявии Барномаи ягонаи  системаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ ва интиқоли сокинон ба манотиқи амни ду вилоят тафтиш карда шуданд. 

Ғайр аз ин иншоотҳои ҳимоявии мудофиаи гражданӣ ба ҳоли омодабош дароварда шуданд. Бо тавофуқ бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо системаи хабардоркунии фаврии аҳолӣ дар мавридҳои ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва таҳдидҳо санҷида шуданд. 

Дар ҷараёни ин тамринҳо якҷо бо сокинони маҳаллӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо усули “ҳашар” гузаронида шуданд, ки рудхонаҳо, каналҳо ва селроҳаҳо тоза карда шуда, барои мустаҳкам кардани соҳилҳо ниҳолҳо шинонда шуданд.

барчасп: