Наҷоти шахсе, ки дар лифти бинои бисёрошёна дармонда буд
Чоп шуд: 26/12/2023 | redaktor
24 декабри соли 2023 соати 15:48 бо телефони «112» ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг заданд, ки дар кӯчаи Алишери Навоӣ, бинои 58/18 лифт вайрон шудаву марде дар он дармондааст.
Барои расонидани кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд.