Офатҳои табиӣ ба кишвар ба маблағи 19 миллиону 665 ҳазору 300 сомонӣ зарар расонд

Дар нимсоаи аввали соли 2025 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 222 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли 2024 310 ҳодиса камтар аст. Аз ин ҳисоб 9 ҳодиса ба иқтисоди шаҳру ноҳияҳои 19 миллиону 665 ҳазору 300 сомони зарари иқтисодӣ расонд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар нимсолаи аввали соли гузашта зарари иқтисодии расида аз офатҳои табиӣ  130 миллиону 663 ҳазору 500 сомонӣ буд.

Дар ин бора рӯзи гузашта Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хабар дод. Расиси КҲФ, 

Ҳалокати ду ноболиғ ҳангоми оббозӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Исфара

3 – уми августи соли 2025, тақрибан  соати 12:30  як сокини 8-солаи деҳаи Хонободи ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара ҳангоми оббозӣ дар соҳили дарёи Исфара  аз беназоратии волидайн дар дарё ғарқ шудааст.

Бо дарёфти хабар афсарони бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Исфара, ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳ бо аҳолии деҳа,  соати 14:20 дақиқа 2 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса ҷасадро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Фоҷиа дар Ваҳдат: Ду нафар, ки чоҳ мекофтанд, зери хок монда ҷон бохтанд

3-уми августи соли равон, соати 21:45 дақиқа ду нафар шаҳрвандон дар гузаргоҳи 1-ум маҳаллаи 14, хонаи №26-и шаҳри Ваҳдат ҳангоми кофтани чоҳи об ба фалокат дучор омада, ҷони худро аз даст доданд.

Ҳангоми кори чоҳкобӣ баногаҳ хоки азим болои сарашон чаппа шудааст ва онҳо зери хок монда, ба ҳалокат расидаанд.

КҲФ: ш.Панҷакент – "Гар шиновар нестӣ, пой бар лаби дарё намон!"

Шуъбаи Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд низ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Аз ҷумла, дар рӯзҳои истироҳатӣ дар назди кулу дарёҳо ва мавзеҳои шиноварии ҳудуди шаҳр, ки кӯдакону наврасон бештар дар он ҷойҳо ба оббозӣ машғул мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

КҲФ: 30-солагии Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ

Имрӯз аз таъсисёбии Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд.

Дар маросими идона Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Исозода Сулаймон иштирок доштанд. Исозода Сулаймон аз таърихи таъсиси ин раёсат ёдоварӣ намуда, ҳама пешравиҳои самтро дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Страницы