КҲФ: Аксари ҳодисаҳои нохуш дар обҳо бар асари надонистани қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳанд
Чоп шуд: 07/08/2025 | redaktor
5 – уми августи соли 2025, тақрибан соати 18:00 дақиқа як писарбачаи 11-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Вахшруди ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кушониён ҳангоми оббозӣ дар канали “ПИКТ-25”-и Вахш аз беназоратии волидайн ғарқ шудааст.
6 августи соли 2025, наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо аҳолии маҳал то соати 17:50 дақиқа ҷасадро ҷустуҷӯ карданд, аммо он пайдо нашуд.
Корҳои ҷустуҷӯи субҳи имрӯз аз сар гирифта шуданд.





