Рӯбарӯи хатарҳои ҷиддӣ...

Ҷомеаи башарӣ бо хатарҳои ҷиддӣ, яъне терроризму экстремизм, рӯбарӯст. Бисёр аз васоити ахбори омма ва гурӯҳҳои муайян дар ин мавридҳо мусулмонон ва кишварҳои исломиро сабабгору гунаҳгор медонанд. Ин зуҳуроти номатлуб чун аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд. Ҳарчанд ки ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Донишомӯзони хурдсол аз Раёсати КҲФ дар Хатлон дидан карданд

Ҳудуди 30 нафар мактаббачагон аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии омӯзиши амиқи фанҳои алоҳидаи шаҳри Бохтар ба номи М.В. Ломоносов аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дидан карданд. 

Онҳо бо наҷотдиҳандагон, навбатдорон ва мутахассисони Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ сӯҳбат карда, бо вижагиҳои кормандони бахш шинос шуданд. 

Ду хабари рӯзи гузаштаи Имдодагрон ҳамеша омода хидматанд

Кормандони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шабонарӯзи гузашта як дари бастаро боз карданд ва аз як таҳхонаи оби ҷамъшударо берун кашиданд.

Соати 22:29 дақиқаи рӯзи гузашта ба Қисми навбатдории Кумита аз як бону, сокини кӯчаи Бухоро, хонаи 50 занг зад, ки...

Дасрҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ барои муаллимони синфҳои ибтидоии макотиби шаҳр Душанбе

Дар Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо омӯзгорони синфҳои 2-юми муассисаҳои таълимӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳри Душанбе дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Дар ин машғулиятхо 23 нафар муаллимон иштирок карданд.

КҲФ: Хатари лағзиши тарма то 16-уми январ боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон аз 12 то 16-уми январи соли 2024 дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ  хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон  бо эҳтиром хоҳиш мекунад... 

Страницы