Тарма ду мошини борбарро дучори фалокат кард. “Дулан” дар Шуғнон ба оби дарё ва «Мерsедеs DAF» дар ҷарӣ сарозер шуданд. Ду нафар ҳалок ва ду тан захмӣ гаштанд
Чоп шуд: 14/03/2022 | redaktor12 марти соли 2022 тахминан соати в 13:30 ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе мошини боркаши тамғаи «Мерsедеs DAF», ки аз ҷониби як сокини 45-солаи шаҳри Ҳисор идора мешуд, аз зарби тарма ба ҷарии 100-метра сарозер шуд. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони хадамоти роҳи ширкати IRS ба ҷарӣ рафтанд ва ронанда ва мусофири онро аз дохили мошин боло оварданд.