Кормандони амниятии пажӯҳишгоҳи вирусшиносии Вуҳони Чин ба журналистон имкон надодаанд, ки бо тафтишгггарони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯ ба рӯ шаванд

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 105 миллион наздик мешавад. Аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 279 ҳазору 690 нафар ҷон бохтанд. Шумори муолиҷашудагон 76 миллиону 849 ҳазору 668 нафар эълон шудааст. 106 ҳазору 872 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Мақолае, ки маҷаллаи тиббии The Lancet дар...

Тамринҳои кимиёвӣ дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсат барои соли 2021 рӯзи чоршанбеи аввали ҳар моҳ тамрини кимиёвӣ гузаронида мешавад. Рӯзи 3 феврали соли 2021 низ чунин тамринот аз ҷониби шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат бо иштироки ҳайати шахсӣ баргузор гардид.

Covid-19: Дар як ҳафта дар саросари олам беш аз 96 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд

Шумори мубталоён ба вируси корона дар олам ба 104 миллиону 485 ҳазору 479 нафра расид. Аз ин беморӣ 2 миллиону 265 ҳазору 49 нафар фавтиданд ва 76 миллиону 370 ҳазору 142 нафар шифо ёфтанд. То кунун дар беморхонаҳои олам 107 177 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Ҳафтаи гузашта бештар аз 96 ҳазор нафар аз КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд.

Машғулиятҳои Маркази таълимӣ-методии Раёсати Суғд дар ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов

Бо мақсади омода намудани аҳолӣ ва тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, амал ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавкулодда дар доираи гузаронидани машғулиятҳо вобаста ба омода намудани аҳолӣ аз ҷониби афсарони маркази таълими-методии Раёсат бо 52 нафар  роҳбарони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои...

Covid-19: Шумори гирифторон ба 104 миллион наздик мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз пайи ҳам коҳиш ёфтани навсироятшудагон зарфи 3 ҳафтаи охир хабар дод

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам субҳи имрӯз  103 миллиону 945 ҳазору 393 нафар ва фавтидагон 2 миллиону 248 ҳазору 089 нафар эълон гардид. Шабонарӯзи гузашта боз 181 ҳазору 978 нафар сироят шуданд ва 4 549 тан ҷон бохтанд. Аз коронавирус 75 миллиону 778 ҳазору 173 нафар пурра муолиҷа шуданд.

Страницы