Машғулиятҳои Маркази таълимӣ-методии Раёсати Суғд дар ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов

Бо мақсади омода намудани аҳолӣ ва тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, амал ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавкулодда дар доираи гузаронидани машғулиятҳо вобаста ба омода намудани аҳолӣ аз ҷониби афсарони маркази таълими-методии Раёсат бо 52 нафар  роҳбарони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд машғулиятҳо гузаронида шуданд.

Ҳамзамон дар рафти машғулиятҳо  афсари маркази таълимӣ – методии Раёсати вилоят капитан Мавзуна Шодиева доир ба масъалаҳои дар рӯхияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, ҳавасмандгардонии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи таҷҳизотҳои гармидиҳӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ барои сироят нашудан ба бемориҳои мавсимӣ суҳбат кард. 

Дар ҷамъбасти машғулиятҳо ба иштирокчиён маводҳои методӣ, дар шакли брошюраҳо ва буклетҳо, видеороликхо, слайдхо супорида шуд.                                                                                                                                         

Ш.Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати вилоят,

лейтенанти калон.