Кормандони амниятии пажӯҳишгоҳи вирусшиносии Вуҳони Чин ба журналистон имкон надодаанд, ки бо тафтишгггарони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯ ба рӯ шаванд

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 105 миллион наздик мешавад. Аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 279 ҳазору 690 нафар ҷон бохтанд. Шумори муолиҷашудагон 76 миллиону 849 ҳазору 668 нафар эълон шудааст. 106 ҳазору 872 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Мақолае, ки маҷаллаи тиббии The Lancet дар бораи воксани русии "Спутник V" интишор дод, баёнагари он аст, ки ин воксан дар мубориза зидди коронавирус басо муаасир аст. Дар ин бора рӯзи чоршанбе намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Русия Мелита Вуйнович изҳори назар кард. Сарвари Хазинаи сармоягузориҳои мустақими Русия Кирилл Дмитрев гуфт, ки воксани "Спутник V" эҳтимолан охири моҳи феврал ва ё аввали март аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо қабул шавад. Дар ҳамин ҳол СҶТ бори дигар аз сокинони Сайёра хостааст бепарво набошад ва ҳамеша ниқоб пӯшанд.

Тибқи омори охири моҳи январ дар ИМА 308 мубталои коронавирус штамми британиёӣ ба қайд гирифта шудааст. Як нафари дигар чун дорандаи вируси навъи бразилӣ ба қайд сабт шудааст.  

10 миллион ё худ 15% сокинони Британияи Кабир дозаи аввали воксани зидди коронавирусро гирифтанд.

Швейтсария маълумотҳо дар бораи воксани AstraZeneca-ро нокифоя хонд. Swissmedic аз ширкатҳои дорусозӣ иттилои иловагӣ хост.

Ҳукуматдорони Дания тасмим гирифтанд ковид-шиносномаҳо ҷорӣ кунанд.

Сарвазири Ҷумҳурии Чех Андрей Бабиш рӯзи ҷумъа вориди Будапешт мешавад, то бо таҷрибаи маҷории истифода аз воксани "Спутник V" аз наздик ошно шавад.

Норвегия тадриҷан ба коҳиши маҳдудиятҳои зиддикоронаӣ оғоз кард. Ба мағозаву дӯконҳо ва тарабхонаҳое, ки дар марказҳои пурҷамъияти тиҷоратӣ нестанд, иҷозати фаъолият дода шуд. Вале ҳамоно фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ  манъ аст.

Дар Туркия зарфи 24 соати охир 148 192 нафарро аз озмоиш гузарониданд ва дар 8102 нафар коронавирус ошкор шуд.   

Дар пажӯҳишгоҳи вирусшиносии шаҳри Вуҳони Чин солҳои дароз хуффошҳоро, ки аз паҳнкунандагони вирусҳои зиёд мебошанд, меомӯхтанд ва тибқи фарзияҳои зиёд маҳз аз ҳамин озмоишгоҳ бори аввал вируси КОВИД-19 низ сар берун кардааст. Бино ба гуфтаи намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ наметавон чизеро истисно кард, аз  ин рӯ нозирон “ҳамон суолҳоеро  матраҳ хоҳанд, ки бояд пурсида шаванд”. Дар ҳамин ҳол гузориш мерасад, ки кормандони амниятии пажӯҳишгоҳ ба журналистон имкон надодаанд, ки бо тафтишгггарони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯ ба рӯ шаванд. 

Кумитаи ташкилии бозиҳои Олимпиадаи тобистона ва бозиҳои паралимпии Токио, ҳамчунин Созмони ҷаҳонии Олимпиада ва Кумитаи ҷаҳонии бозиҳои паралимпӣ нақшаи таъмини амнияти беҳдоштӣ дар Токио дар рӯзҳои баргузории ин бозиҳоро пешниҳод карданд.  

Вазорати тандурустии Никарагуа воксани русии "Спутник V" – ро ба қайд гирифт. Ин ҳаждаҳумин кишвари олам аст, ки воксани русии зидди КОВИД-19- ро ба қайд мегирад. Аз ин пештар кишварҳое чун Белорусия, Аргентина, Боливия, Сербия, Алҷазоир, Фаластин, Венесуэла, Парагвай, Туркманистон, Маҷористон, Иморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Гвинея, Тунис, Арманистон ва Мексика барои истифодаи "Спутник V" иҷозат доданд.

Кормандони пулиси Гурҷистон шабонарӯзи гузашта барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ 680 нафарро дар гӯшаву канори кишвар ҷарима бастаанд. 110 нафар ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳо дар вақти қуюди шабгардӣ боздошт шудаанд. Барои ин вайронкунандагони тартибот ба маблағи 2000 лари (наздик ба 600 доллар) ҷарима шуданд. Ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 570 нафарро барои надоштани ниқоб ба маблағи 20 лари (наздик ба 6 доллар) ҷарима карданд.

Дар як шабонарӯз дар Белорусия 1711 нафар сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шуд ва шумори умумии гирифторон ба ин беморӣ аз 251,7 ҳазор гузашт.

Русия аз сирояти боз 16 474 нафар ба коронавирус хабар дод. Ҳар даҳумин мубтало аломати вирус надошт. 

Дар 24 соати гузашта дар Қазоқистон боз 1 228 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 сабт шуд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Қирғизистон воксани AstraZeneca мефиристад. Қарор аст Қирғизистон 504 ҳазор дозаи ин воксанро дарёфт кунад. Дар хабар гуфта мешавад, ки 40% дар семоҳаи аввали соли равон ва боқӣ дар семоҳаи дуюм ба Қирғизистон ворид карда мешавад. То ҳол дар ин кишвар 84 762 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

То 4 феврал дар Ӯзбекистон  78 859 ба  Covid-19 сироят шудаанд.