Илоҷи воқеъа қабл аз вуқӯъ

Баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар фасли сармо дар вилояти Суғд як қатор корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд. Чунин як чорабинии мухталиф аз тарафи кормандони бахши Раёсати вилоят дар ноҳияи Шаҳристон бо ҷалби донишҷўёни Литсейи касбӣ-саноатии кишоварзии ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.

Вазъи роҳҳо дар кишвар: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Бориши шадиди борону барф дар навоҳии кӯҳии кишвар ва ҳамзамон гармшавии ҳаво сабабгори лағзиши тарма ва резиши санг шуд. Вазъ дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Рашт - Лахш, Душанбе - Чаноқ, Шамсиддин Шоҳин - Ванҷ, Хоруғ – Ишкошим басо хатарнок шудааст.

Чунончӣ, шабонарӯзи гузашта аз километри 54 то 84 роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ ...

Омори такондиҳандаи маргумир аз короновирус COVID-19: Дар шабонарӯзи гузашта 242 нафар фавтиданд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки ҳоло дар бораи поёни эпидемияи коронои чинӣ ҳарф задан бармаҳал аст. Рӯзи чаҳоршанбе аз сироятшудагон ва ин вирус 242 нафар фавтиданд, ки аз замони ошкор шудан то кунун баландтарин омори марги афрод аст. Ҳамчунин шумори нав сироятшудагон дирӯз 14 ҳазору 840 будааст, ки ин низ бино ба таҳлили коршиносон ҷаҳиши бузурге дар эпидемияи COVID-19 мебошад.

Ҷаласаи комиссияи интиқолӣ дар Хоруғ

Бар асоси Қарори Раиси Ҳукумати ВМКБ “Дар бораи тасдиқи нақшаҳои асосии мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, эътино, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2020” ва Нақшаи кории Раёсати КҲФ дар вилоят дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи кории комиссияи интиқол гузаронида шуд.

Хабарҳо аз вируси короно: Дар Тоҷикистон 940 нафар дар карантин қарор доранд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба вирус номи нав дод. Теъдоди ҳалокшудагон дар Чин ба 1112 нафар ва сироятёфтагон дар кулли кишварҳои олам ба 44 ҳазору 794  расид. Дар Тоҷикистон 940 нафар дар бемористонҳо барои ташхис бистарӣ шудаанд. Инҳо ҳама афроде мебошанд, ки зарфи чанд рӯзи охир аз гӯшаву канори Чин вориди кишвар шудаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки то кунун ҳеч нишоне аз

Страницы