Кори шабу хандаи рӯз. Шабона чоҳ меканду зери шағал монд
Чоп шуд: 29/06/2020 | admin
Ин мақоли халқӣ дар ин рӯйдод сидқ мекунад. Ҷавони 18-солаи ноҳияи Синои пойтахти кишвар нимишабӣ, соати 23:45 дақиқа ҳангоми кандани чоҳи амудӣ зери қуму шағал мондааст.
Ин ҷавон дар ҳоле зери қум монд, ки дар умқи 2 метр саргарми кор буд. Ин хабар фавран ба Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе расид.