Дар заминларзаи Эрон 4 нафар ҳалок ва беш аз 70 нафар захмӣ шуданд

Заминларзаи шадид дар вилояти Озабойҷони Шарқӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Эрон чаҳор нафарро кушт ва бештар аз 70 тан захмӣ шуданд. Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки қувваи заминларза дар маркази он 5,9 балл буд ва ин ҳодиса соати 02:17 дақиқаи шаб, ки маъмулан аксарият дар хоб буданд, рух дод. Мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки ҳоло 8 гурӯҳи имдод дар ҷойи ҳодиса кор мекунад ва машғули наҷоти одамон ва интиқоли онҳо ба маконҳои амн мебошанд.

Хабаргузориҳо ҳамчунин аз инфиҷори хати лулаи газ дар минтақа иттилоъ доданд.

ПАЙМОНИ ДУРӮҒИНИ МИЛЛӢ – ФАРЗАНДИ НОТАНИИ ТТЭ ҲНИ

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти иртиҷоиву динии экстремистӣ - террористиро яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ донистааст. Дар мубориза бар зидди чунин равандҳои номатлуб, ки ба оромиву осудагии мардум хатару таҳдидҳои бебаргашт эҷод мекунанд, табақаи равшанандешони тоҷик дар сафи пеш қарор доранд.

Миёни Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария Ёддошти тафоҳум имзо шуд

5 ноябри соли  2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария оғоз гардид.  Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер гарму самимӣ пешвоз гирифт

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳаво сард мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар рӯзҳои 6-7 ноябри соли 2019 дар ноҳияҳои даштӣ, кӯҳӣ ва наздикӯҳии мамлакат дар қабати болои хок ҳарорати ҳаво то 3 дараҷа сард мешавад.

Обу ҳавои рӯзи чоршанбе, 6-уми ноябр

    Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон  хабар дод, ки рӯзҳои 6-7 ноябри соли равон дар ноҳияҳои ҷудогонаи кишвар туман мефарояд. Ҳарорати шабонаи доманакӯҳҳо то -3 дараҷа сард мешавад ва Агентии мегӯяд ҳарорати ин ду рӯз дар минтақаҳои кӯҳӣ барои чаронидани чорво номусоид аст. 

  6-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст, аммо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад.  Ҳарорат шабона 3+5°, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад. 

Страницы