Хеле кутоҳ дар бораи Конститутсияи кишвар

25 сол пеш 6-ноябри (соли 1994) барои тамоми мардуми тоҷик яке саннаҳои тақдир сози миллат буд, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 25 солагии онро ҷашн гирифтем. Сарнавишти имрӯзу фардои давлатамон маҳз дар ҳамин саннаи таърихи таҷассум ёфтааст.

Суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад. Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони мамлакат ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи бузург табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу осоиш ва ба ин санади муқаддасу таърихиамон умри ҷовидонӣ орзу менамоям.

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос карда, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои  асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.

Обу ҳавои рӯзи сешанбе, 5-уми ноябр

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон  барои рӯзҳои оянда ҳавои ноустуворро пешбинӣ мекунад. Борон, барф дар баландкӯҳҳо, боди сахту баъзан вайронгар ва ғайра. Аз ҷумла:

 5-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад.  Ҳарорат шабона 4+6°, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад. 

Тӯфони “Амели” дар Фаронса даҳҳо ҳазор хонаводаро аз нерӯи барқ маҳрум кард

Бино ба иттилои ВВС вазиши бод ва борандагии шадид дар соҳилҳои ғарбӣ ва ҷанубии Фаронса бар асари тӯфони “Амели” барқи даҳҳо ҳазор хонаро қатъ кардааст. Масъулини ширкати барқ гуфтаанд, ки қатъи нерӯи барқ асри рӯзи  якшанбе бар 55 ҳазор хона дар ғарби кишвар асар гузоштааст.

Шуморе аз вазоратхонаҳо ба далели шиддати бод ба ҳолати омодабош қарор гирифтаанд. Суръати бод дар бархе аз ноҳияҳо 163 километр дар як соат болотар рафтааст.

Страницы