Се узви як хонавода, ки дар рӯди Сир оббозӣ мекарданд, аз марг наҷот дода шуданд

Се нафар аз як хонавода, ки дар ҷойи мамнуъ барои оббозӣ мехостанд шиноварӣ кунанд, бо талоши кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар Суғд аз чанголи марги эҳтимолӣ раҳо шуданд. Бо вуҷуди огоҳиҳои пайваста шаҳрвандон ҳамоно ҷойҳои мамнуъ барои оббозиро тафреҳгоҳ интихоб мекунанд ва дар аксар ҳолатҳо ин иқдомашон ба фоҷеа меанҷомад. Танҳо зарфи як ҳафтаи охир кормандони Дастаи зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд ҷони 8 нафарро аз марг наҷот додаанд. ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Бисту шашуми июли соли 2019 тахминан соати 18:20 дақиқа наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар дарёи Сир сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, духтари панҷсолаи вай ва хоҳари 12-солаашро, ки дар ҷойи мамнуъ оббозӣ мекарданд, аз хатари ғарқ шудан наҷот доданд. 

Ин се тан барои истироҳат ба соҳили Сирдарё омаданд ва ҷойеро барои тафреҳ интихоб карданд, ки дар он оббозӣ мамнуъ буд. Вақте вориди об шуданду каме пештар рафтанд, маҷоли бозгашт наёфтанд, ҷараёни об ва умқи он онҳоро ба худ мекашид ва тадриҷан ғарқ мешуданд. Касе аз онҳо ба каси дигаре наметавонист ёрӣ расонад.

Дар ҳамин ҳол наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, ки ҳамвора дар соҳилҳои рӯди Сир навбатдорӣ мекунанд, ба кӯмаки онҳо расиданд ва ин се танро аз об берун оварданд.

Наҷотдиҳандагон дар навбатдории шабонарӯзии худ бештар ба ҷойҳое таваҷҷуҳ мекунанд, ки оббозӣ мамнуъ аст, чун медонанд, ки сокинон бо вуҷуди огоҳиҳо он маконҳоро ҷойи тафреҳу истироҳат қарор медиҳанд ва ҳатман вориди об мешаванд.

Онҳо миёни мардум ҳамеша корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ мекунанд ва қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиро меомӯзонанд.

Гуфтанист, ки зарфи як ҳафтаи охир наҷотдиҳандагони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар Суғд 8 нафарр аз марги эҳтимолӣ наҷот додаанд. 

барчасп: