Анҷоми тамрини “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон”

Рӯзҳои 3 - 4 июли соли 2019 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамринҳои саҳроӣ ва шабеҳасозӣ дар мавзуи “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон” баргузор намуд. Ҳадафи тамринҳо санҷиши сатҳи омодагии сохторҳои давлатӣ ва шарикони кумакрасон дар идораи ҳолатҳои фавқулода мутобиқ ба ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ буд.

Оғози тамринҳои муштараки “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон”

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар соли 2019, ҳамчунин беҳтар кардани ҳамкориҳо ва ҳамоҳангиҳо миёни  вазоратҳо ва идораҳо - аъзои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба тамринҳои саҳроӣ таҳти унвони “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон

Ҳалокати даҳ нафар дар як садамаи ҳавопаймоӣ

Бар асари суқути ҳавопаймои думотора дар иёлоти амрикоии Техас даҳ нафар кушта шуданд. Дар ин бора ширкати телевизионии   CBS DFW истинодан ба манбаъҳои расмӣ хабар дод.

Таблиғи таъмини амният дар замони истироҳати тобистон

Тобистон аст ва мавсими тафреҳу истироҳат. Аксаран аз гармои шадид ба соҳили рӯдхонаву обанборҳо паноҳ мебаранд. Гурӯҳе дӯст медоранд шиноварӣ кунанд ва рӯзҳои истироҳату рухсатии худро сарфи ин шуғл мекунанд. Гурӯҳе завқу шавқи моҳидорӣ доранд. Ва мераванд лаби соҳил ва шаст ба дарё меандозанд. Аксари кӯдакону наврасонро волидонашон бо худ ба истироҳат мебаранд ва боз ҳам ба соҳилҳо, зеро макони хуби истироҳат ва фирор аз гармо ҳамин соҳилҳоянд. Ва будубош дар соҳилҳо қонунҳои навиштаву нонавиштаи худро доранд, ки шояд на ҳама хуб медонанд.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни истироҳаткунандагони махзанҳои оби Хоруғ

Тобистон, мавсими гармо, замони тафреҳу истироҳат, рухсатии корӣ, таътили тобистонаи кудакон. Ва ҳар кас мехоҳад таътилаш хотирмон гузарад. Аммо кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии навбатдории шабонарӯзӣ дар соҳили обҳо талош мекунанд ин истироҳату тафреҳ барои сокинон бехатар гузарад.

Страницы