Короновируси чинӣ: Беш аз 560 нафар ҳалок шудаву зиёда аз 28 ҳазор нафар сироят шудаанд
Чоп шуд: 06/02/2020 | admin
Бино ба иттилое, ки субҳи имрӯз хабаргузориҳо интишор доданд, шумори ҳалокшадагон бар асари бемории коронои чинӣ аз 560 нафар гузаштааст. Танҳо рӯзи чаҳоршанбе 73 нафар мубталоёни ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. Оморҳои ахир аз густариши бесобиқаи вируси короно ҳикоят мекунад. Аксари касоне, ки бо ҳаёти худ падруд гуфтанд, сокинони вилояти Ҳубӣ будаанд.