Ҷони ҳудудан 300 моҳигир бар асари ҷудо шудани яхи бузург дар халиҷи Мордвинова дар хатар мондааст (ВИДЕО)
Чоп шуд: 22/01/2020 | redaktor
Дар халиҷи Мордвинова воқеъ дар ҷануби Сахалин, дар наздики гулугоҳи Свободний яхи бузурге аз соҳил ҷудо шуд, ки дар натиҷаи он наздик ба 300 моҳигир аз соҳил дур шуданд. Дар ин бора раёсати минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия хабар дод. Дар хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки ба кумаки моҳигирон гурӯҳи фаврии наҷоти вазорат равона шудааст.