Вируси короно: Ҳушдори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба кишварҳои олам
Чоп шуд: 25/02/2020 | redaktor
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ҳама кишварҳои олам ҳушдор дод, ки барои эпидемияи фарогири короновирус омода шаванд. Ин созмон дар баёнияи ахири худ навишт, ки ҳарчанд ҳоло хатари эпидемия таҳдид намекунад, вале эҳтимолияти бурузи густардаи вирус вуҷуд дорад. Эпидемия ба он ҳолате гуфта мешавад, ки агар беморӣ басо ба осонӣ аз фард ба фарди дигар дар бисёр нукоти олам гузарад.