Дуюмин рӯзи Соли нав: Сомонаи мо дар соли 2018

Соле рафт ва соли дигар оғоз шуд. Имрӯз метавонем дар бораи як соли фаъолияти сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сухан бигӯем.

Сомонаи www.khf.tj сомонаи ниҳоди давлатист, ки асосан хабару гузоришотеро интишор медиҳад, ки иртибот ба фаъолиятҳои Кумита доранд. Навгониҳо,

Эълони 11 куштаи инфиҷор дар биное дар шаҳри Магнитогорски Русия

Дар инфиҷори як хона дар шаҳри Магнитокорски Русия то ҳол аз ҳалокати 11 нафар хабар дода мешавад. Чанд тани дигар зинда, вале дар ҳоли вазнин берун оварда шудаанд. Дар миёни зиндаҳо тифлаки 11-моҳа низ будааст. Бино ба хабарҳо зери ин вайрона як хонаводаи тоҷик аз ҷумлаи муҳоҷирони корӣ низ ҳастанд, ки барои наҷоти солимашон аз ҳамвандон интизори дуоянд.

Хатарҳои ҷаҳонӣ. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем!

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари натиҷагирӣ аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ, инчунин, ба масоили глобалие, ки ба мушкилоти ҷиддии сайёра мубаддал гардидаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.

Табрикоти телевизионӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2019

31.12.2018 21:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан рӯзгори ободу осуда ва хушбахтиву иқболи нек орзу менамоям.

СОЛИ НАВУ ИҚБОЛИ НАВ!

Муҳтарам корбарони сомона, дӯстони иззатманд! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Соли Нави 2019 самимона муборакбод мекунад!

Бигзор ин сол соле бошад, ки Шумо дар амнияти комил ҳаёт ба сар баред. Саломатӣ, хушиҳои зиндагӣ ва беҳбудиҳо ҳамқадаму ҳамроҳи Шумо ва наздикони Шумо бошанд!

Бигзор рӯйдодҳои хотирмони имсол умре дар хотири Шумо нақш банданд ва мову шумо бо дидгоҳҳои тозаву нақшаҳои нави корӣ пой ба остонаи соли Нав ниҳем!

Страницы