КҲФ: Эҳтимоли омадани селҳо дар баъзе минтақаҳои кишвар вуҷуд дорад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 22/06/2024 | admin
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 23-24 июни соли 2024 дар як катор районхои кӯҳӣ ва доманакӯҳии кишвар, аз ҷумла вилояти Сугд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.
Ғайр аз ин болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч дар назар дошта шудааст.