Ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Кумита бо овозхони маъруфи тоҷик
Чоп шуд: 28/08/2018 | admin
Ташкили барномаҳои адабиву мусиқӣ дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.
Чунончӣ, дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита мулоқоти сарбозон ва афсарон дар доираи як барномаи адабиву мусиқӣ бо сарояндаи маъруфи эстрада Валиҷон Азизов баргузор шуд.
Мулоқот бо овозхони шинохта дар остонаи ҷашни миллӣ – 27 солгарди Истиқлолияти давлатӣ доир гардид ва дар он бештар таронаҳои ватандӯстӣ ва савту навои муосири эстрадӣ садо доданд.